Jump to content

Белгия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоҳигарии Белгия
ҳол. Koninkrijk België
фр. Royaume de Belgique
олмонӣ: Königreich Belgien
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Шиор: «Eendracht maakt macht» ҳол. 
«L’union fait la force» фр. 
«Einigkeit macht stark» олмонӣ:

«Якпорчагӣ нерӯмандӣ аст»
Суруди миллӣ: «La Brabançonne»
Забони расмӣ нидерландӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ
Пойтахт Брюссел
Шаҳрҳои калонтарин Антверпен, Гент, Шарлеруа, Лйеж, Брюссел, Брюгге
Шакли ҳукумат подшоҳии машрута, давлати федеративӣ[1]
Шоҳ Филипп
Нахуствазир Шарл Мишел
Масоҳат 136-ум дар ҷаҳон
 · Ҳамагӣ 30 528 км²
 · % сатҳи об 6,4 %
Аҳолӣ
 · Баҳо (2017) 11 358 952[2] нафар (77-ум)
 · Барӯйхатгирӣ (2016) 11 250 585 нафар
ММД (БҚХ)
 · Ҳамагӣ (2015) $494,620 миллиард долл.
 · ба сари аҳолӣ $43,629 долл.
ММД (номинал)
 · Ҳамагӣ (2015) $458,651 миллиард долл.
 · ба сари аҳолӣ $40,456 долл.
ШРИ (2015) 0,896[3]
Воҳиди пул Евро (€), (EUR, код 978)[4]
Интернет-домен .be, .eu (ҳамчун узви ИА)
Рамзи ISO BE
Рамзи КБО BEL
Пешшумораи телефон +32
Минтақаи замонӣ UTC+1[d][5] ва UTC+02:00

Белгия (Listeni/ˈbɛləm/) (ҳол. België, МФА: [ˈbɛlɣijə]; фр. Belgique, олмонӣ: Belgien), номи расмии пурра — Подшоҳии Белжик (ҳол. Koninkrijk België, фр. Royaume de Belgique, олмонӣ: Königreich Belgien) — давлат дар Аврупои Ғарбӣ.

Белгия дар шимол бо Нидерланд, дар шарқ бо Олмон, дар ҷанубу шарқ бо Люксембург, дар ҷануб ва ҷанубу ғарб бо Фаронса ҳамсарҳад буда, қисми ғарбиаш соҳили Баҳри Шимолӣ аст. Масоҳаташ 30,5 ҳазор км2, аҳолиаш 11,190,845 нафар (2015)[6], зичии аҳолӣ – 344 нафар/км2. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлол (21 июл), воҳиди пул– евро (аз соли 2002, аввалӣ – франки Белгия). Пойтахташ – Брюссел. Шаҳрҳои бузургтаринаш: Антверпен, Гент, Шарлеруа, Лйеж, Брюгге.

Сохти давлатдорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сохти давлатдорӣ–монархияи конститутсионии парламентӣ, давлати федеративӣ. Сардори давлат – шоҳ, сарвари ҳукумат–сарвазир (намояндаи ҳизби дар интихоботи парламентӣ ғолибомада). Мақоми олии қонунгузор – парламенти дупалатагӣ – Сенат (71 узв) ва Палатаи намояндагон (150 узв), ки ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад. Мақоми олии судӣ – Суди олӣ (судяҳо ба таври якумрӣ таъйин мегарданд). Федератсияи Белгия се минтақаи аз рӯйи се забон (фламандӣ, фаронсавӣ, олмонӣ) тақсимшуда – Фландрия, Валлония, Брюссел (пойтахт)-ро, ки иборат аз 10 музофот аст, дар бар мегирад. Зинаи поини идоракунии ҳудудӣ коммунаҳо мебошанд. Белгия узви СММ, давлатҳои Бенилюкс, Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва ғ. мебошад. Муносибати дипломатии Белгия бо Тоҷикистон 29 апр. 1992 барқарор шуд. Дар сатҳи дипломатияи мардумӣ ҷамъиятҳои дӯстии «Тоҷикистон – Белгия» ва «Белгия – Тоҷикистон» таъсис ёфтаанд.

Минтақаҳои ҷуғрофӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Белгияро ба се минтақаи ҷуғрофӣ метавон тақсим кард: минтақаи наздисоҳилӣ, паҳнкӯҳи марказӣ ва баландиҳои Арденн. Минтақаи пасти наздисоҳилиро полдерҳо – заминҳои ҳосилхези аз таҳдиди баҳр бо дюнаҳо – теппаҳои регӣ (вусъаташон то 15 км ва аз с. б. то 2 м поинтар) ва дарғотҳои ҳифзшаванда ташкил медиҳанд, ки дар самти Фландрия ва Кампин торафт ҳамвору мусаттаҳ шудаанд. Минтақаи чиндори гертсинии қисми ҷанубии мамлакатро таҳнишастҳои давраҳои мезозой ва кайнозой иваз кардаанд. Минтақаи паҳнкӯҳи марказӣ ҳосилхезтарин буда, аз киштзорҳои паҳновар ва деҳоти ҳар ҷо-ҳар ҷо маъвогирифта иборат аст (музофоти Эно). Теппакӯҳҳои Арденн, ки ба ҳисоби миёна аз с. б. 460 м баланданд (кӯҳи Ботранж – 694 м, нуқтаи баландтарини Белгия), қисми ҷан. шарқии мамлакатро фаро гирифта, асосан бешазор ва камаҳолианд.

Канданиҳои фоиданок

[вироиш | вироиши манбаъ]

Белгия конҳои қӯрғошим, руҳ, мис дорад; аз сангҳои хоро, мармар, доломит бой аст; маъданҳои зеризаминии асосӣ – ангиштсанг ва гази табиӣ.

Иқлими Белгия муътадили баҳрӣ. Ҳарор. миёнаи янв. аз –10С то +40С, июл аз 120 то 230С. Миқдори миёнаи бориш–700–900 мм, дар қисми кӯҳсор–1200–1500 мм.

Белгия дарёҳои пуроби зиёд дорад; бузургтаринашон Шелда (Эско) ва Маас (Мёз) буда, киштигарданд. Хокаш бӯр, ҷангалӣ ва хокистарӣ. Полдерҳо – минтақаҳои аз баҳр озодшуда махсусан ҳосилхезанд.

Набототи Белгия асосан мазрӯъ буда, рустаниҳои табиӣ 20 дарсади ҳудуди мамлакатро фаро гирифтаанд (асосан бешазорҳои дарахтони паҳнбарг – булут, шамшод). Бешазоркунӣ ривоҷ ёфтааст, дар дюнаҳо асосан санавбар, дар теппаҳо арча мешинонанд. Дар Белгия мамнӯъгоҳ ва боғҳои табиӣ зиёданд (Калмҳаут, От-Фан ва ғайра).

Олами ҳайвонот бештар дар Арденн ва бешазорҳои он назаррас аст. Асосан гуроз, гавазни шимолӣ, ғизол, оҳу, харгӯш, санҷоб, муши бешагӣ; дар найзорҳо мурғобӣ, тазарв, титав вомехӯранд. Обзеркунӣ, махсусан дар минтақаҳои наздибаҳрӣ, хатари табиии асосӣ буда, мудохилаи торафт бештари инсон ба табиат, минтақаҳои сабзро пахш кардани шаҳрҳо, афзудани шабакаҳои сершумори роҳҳо, инкишофи босуръати саноат боиси олудашавии ҳаво ва об гардида, масоили экологӣ эҷод мекунад.

Дар Белгия вобаста ба ҳайати этникӣ се забони давлатӣ роиҷ аст. Фламандиҳо, ҳомилони забони нидерландӣ – 58%, валлонҳои фаронсавизабон – 31%, сокинони забонашон олмонӣ ва дузабона 11%-и аҳолии мам-лакатро ташкил медиҳанд. Фламандҳо дар Фландрия (Шим. Белгия), валлонҳо дар Валлония ва Брюссел (гарчанде дар ҳудуди Фландрия ҷойгир аст) ва олмониҳо дар минтақаҳои ҳамсарҳадди Олмон маскунанд. Дар Белгия 97 дарсади аҳолӣ шаҳрнишин буда, Брюссел, Антверпен, Гент, Лёвен сернуфустарин шаҳрҳоанд. Дар Белгия ғайр аз олмониҳои этникӣ кӯчиён аз Конго (собиқ Конгои Белгия), Туркия, Марокаш, муҳоҷирон аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (50 ҳазор), инчунин испаниҳо, юнониҳо, курдҳо ва ғ. умр ба сар мебаранд. Аз ¾ ҳиссаи аҳолӣ муътақиди католисизм, ¼–протестантизм, боқимонда намояндагони динҳо ва ҷараёнҳои дигар мебошанд; мусулмонон наздики 300 ҳазор нафаранд. Дар Белгия дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 78,7 (мардҳо – 75,5, занҳо – 82,09) сол мебошад.

Таърихи қадим

[вироиш | вироиши манбаъ]
Бинои парлумони федеролӣ дар Брюссел

Дар аҳди қадим дар ҳудуди мамлакат қабилаи белгҳо (номи Белгия аз ҳамин ҷост) муқим шуданд. Соли 57 то м. Белгияро Юлий Сезар ба даст даровард ва он ба ҳайати Империяи Рум чун музофоти Белгика ворид шуд. Асри 5 м. ин музофот гирифтори тохтутозҳои қабилаҳои олмонии франкҳо, фризҳо ва саксҳо гардида, дар натиҷаи омезиши онҳо бо қабилаҳои келтҳои шимолӣ халқияти фламандҳо ташаккул ёфт. Ин ҳудуд то садаи 9 дар ҳайати Шоҳигарии франкҳо буд. Дар аҳди Карли Бузург (768–814) маркази империяи Каролингҳо буда, баъди инқирози он дар ҳудуди Белгия графигарии Фландрия, герсогигарии Брабант, дертар графигариҳои Лимбург, Люксембург, Намюр, Эно ва епископигарии Камбре, Лйеж, Турне ба вуҷуд омаданд. Мавқеи хуби ҷуғрофӣ – дар буриши роҳҳои дарёию баҳрӣ воқеъ будани Белгия боиси кашмакаши ҷонибҳои Англия, Фаронса, Испания ва Австрия гардид.

Таърихи асрҳои миёна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асрҳои 12–13 Белгия хеле тараққӣ карда, ба маркази ҳунармандӣ ва тиҷорати Аврупо табдил ёфт. Ҷанги садсола (1337–1453)-и байни Англия ва Фаронса он ҳама пешравиро барбод дод. Ибттидои садаи XV хоки Белгия ба дасти герсогигарии Бургундия ва дертар, якҷо бо Нидерланд, ба тасарруфи Габсбургҳо даромад. Инқилоби буржуазии садаи XVI-и Нидерланд дар хоки Белгия шикаст хӯрд. Дар давраи Ҷанги Испания барои мақом дар Аврупо Белгия ба тасарруфи Габсбургҳои Австрия дароварда шуд. Габсбургҳо барои инкишофи ҳунармандӣ ва тиҷорат дар музофотҳои Белгия шароит фароҳам оварданд. Барои ривоҷи тиҷорат ба Олмон, Лотарингия ва Швейсария роҳҳои савдо кушоданд, байни Брюгге ва Гент, Гент ва резишгоҳи дарёи Шелда наҳрҳо канданд, зироаткорӣ ва парвариши ҳайвонот, нассоҷӣ ва шишасозиро тараққӣ доданд. Эрсгерсог Иосифи II (1780–94) дар сохти давлатдорӣ табаддулот ба вуҷуд овард: калисоҳоро баста, ҳокимияти епископҳоро барҳам дод, байни диндорон таҳаммулпазириро ҷорӣ кард. Ин иқдом ғазаби диндоронро афзуда, ба сар задани инқилоби солҳои 1789–90 сабаб шуд. Ноябри 1792 лашкариёни Фаронсаи инқилобӣ ба сарзамини Белгия даромада, чандин музофоти онро забт карданд. Баъди торумори Фаронсаи наполеонӣ музофотҳои Белгия ва Нидерланд бо қарори Конгресси Вена (1814–15) ба ҳайати Шоҳигарии Нидерланд дароварда шуд.

Харобаҳои Ипра, соли 1919

Инқилоби соли 1830 Белгияро соҳибистиқлол ва Конгресси миллӣ (7 февр. 1831) сохти давлатдориашро монархияи конститутсионӣ эълон кард. Иқтисоди Белгия пеш рафт, ҳамкорӣ бо Олмон ва Фаронса барои фурӯши маҳсулот бозорҳои нав ба вуҷуд овард. Кушодани роҳҳои оҳан, истеҳсоли паровозу вагон, релсҳо ва диг. масолеҳи р. о. иқтисоди мамлакатро хеле пеш бурд. Ҳукумати Белгияро ҳамдигарро ивазкунон, ҳизбҳои либералҳо ва католикҳо идора мекарданд. Қувваи коргарӣ нерӯ мегирифт. Ох. садаи 19 дар Белгия капитализми ба рақобати озод асосёфта ба капитализми монополистӣ табдил ёфт. Истихроҷ ва коркарди маъдан, тараққии мошинасозӣ, саноати бофандагӣ ва шишасозӣ, миёнаравӣ дар тиҷорат, ғорати захираҳои мулкҳои мустамликавӣ (соли 1908 соҳиби Конго ва Руанда-Урунди гардид) ин давлати хурдро хеле муқтадир ва ҳатто содиркунандаи сармоя кард (ба давлатҳои Форс, Миср, Сиам, Хитой, Амрикои Ҷанубӣ, Россия). Ташкили маорифи ҷудо аз дин, таъсиси мактабҳои давлатии дунявӣ, ҷорӣ кардани таълим ба забони фламандӣ ва фаронсавӣ, аз як тараф омили пешравӣ ва аз тарафи дигар боиси тундрав шудани католикҳо гардид. Муборизаи шадиди байни католикҳо бо либералҳо дар масъалаи ба тадрис ҳамроҳ кардани таълимоти динӣ бо ғалабаи католикҳо анҷом ёфт. Ҷорӣ гардидани ҳуқуқи интихоботӣ, таъсиси ҳизбҳои коргарӣ ва сотсиалистӣ, истифодаи    бештари захираҳои табиии мустамликаҳо Белгияро бештар муқтадир кард. Экспансияи соҳибкорони белгиягӣ ба кишварҳои диг. низ омили пешравии давлат гардид. Мас., с-ҳои 1914–18 дар як худи Россия 190 корхонаи саноатии Белгия фаъолият дошт, ки ба он 22,5 ҳазор коргару муҳандиси белгиягӣ ҷалб шуда буданд. Баъди сар задани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ 4 авг. 1914 Олмон дахолатнопазирии Белгияро қатъи назар карда, ба он ҳамла овард. Айни замон лашкарҳои дар мулкҳои мустамликавӣ ҷойгирифтаи Белгия якҷо бо Фаронса ва Англия мулкҳои мустамликавии Олмонро дар Африқо тасарруф карданд. Буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ (1929–33) ба Белгия таъсири худро дертар аз диг. давлатҳои Аврупо расонд. Лекин сифати баланди маҳсулот, истеҳсолоти мусаллаҳ бо техникаи олӣ ба Белгия имкон дод, дар қатори бузургтарин содиркунандагони пӯлод ва диг. навъҳои маҳсулоти мошинсозӣ бошад. Баъди сар задани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, 10 майи 1940 қувваҳои ҳарбии Олмони фашистӣ аҳдшиканона ба Белгия ҳуҷум карданд. Иқтисоди Белгия пурра ба дасти ғосиб даромад. Сент. 1944 лашкарҳои англисию амрикоӣ якҷо бо партизанҳои Белгия қисми зиёди мамлакатро озод карданд. Белгия бо Нидерланд ва Люксембург як шуда (Иттиҳоди Бенилюкс), иқтисоди ҳамдигарро пеш бурданд. Соли 1948 ба имзо расидани Пакти Брюссел оид ба таъсиси Иттифоқи ҳарбӣ-сиёсӣ, соли 1949 барои таъсиси Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) асос гузошт. То аз даст додани мулкҳои мустамликавӣ дар натиҷаи деколонизатсияи с-ҳои 50–аввали 60 садаи 20 иқтисоди Белгияро алмос, мис, кобалт, руҳ, тило, хӯлаи уран, каучук, какао, пахта ва диг. маҳсулоти аз Африқо ба дастовардааш таъмин мекард.

Таърихи навин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1993 ба конститутсия тағйирот ворид карда, подшоҳӣ ба се федератсияи минтақаҳои мухтор – Фландрия, Валлония ва Брюссел бадал шуд. Ҷомеаи олмонизабонҳо бо нигаҳдошти баъзе мустақилиятҳо ба Валлония ворид кунонида шуд. Соли 1993 ҳукумати Белгия сиёсати қатъиро дар масоили шуғли аҳолӣ, андозбандӣ, паст кардани ёриҳои пулӣ ва ғ. ҷорӣ карда, ба норозигии мардуми кишвар мувоззеҳ шуд. Соли 1999 Белгия аз артиши даъватӣ ба артиши касбӣ гузашт, соли 1996 ҳукми қатлро бекор кард. Муносибат бо мустамликаҳои собиқ дар мавриди баргардонидани қарз тезутунд шуда, с-ҳои 1990–94 мардуми Руандаро ба қашшоқӣ овард. Дар интихоботи парламентии соли 1999 либералҳое, ки дар оппозитсия будаанд, ғолиб омаданд. Ҳизбҳои сиёсии Белгия дар асоси миллию забонӣ ташаккул ёфта, Ҳизби либералҳо ва демократҳои фламандӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби христианӣ-демократии фламандӣ, Ҳизби «Манфиати фламандӣ»; ҳизбҳои фаронсавизабонон: Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳаракати ислоҳотхоҳӣ, Ҳизби маркази гуманистии демократӣ ва ғ. фаъолият доранд. Инчунин Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи христианҳо, Федератсияи заҳматкашон, Маркази умумихалқии иттифоқҳои касабаи либералӣ амал мекунанд.

Белгия давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта буда, бо истеҳсоли маҳсулот ва техникаи аълосифат дар Аврупои Ғарбӣ мавқеи намоён дорад. Белгияро аввалин давлати индустриалии ҷаҳон мешуморанд. Дар даҳсолаи охири садаи 20 ва аввали садаи 21 иқтисоди Белгия дар ҳолати мураккаби нав-созии иҷборӣ қарор дошт. Бинобар ин ҳукумат зуд ба навкунии истеҳсолот ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ рӯ оварда, бахши хусусиро ривоҷ дод. Белгия дар соҳаи нақлиёт, хоҷагии коммуналӣ ва сӯзишвории энергетикӣ пешсаф аст. Дар Белгия 75 дарсади барқ дар нерӯгоҳҳои атомӣ истеҳсол мешавад. Дар Белгия истеҳсол ва коркарди филиззоти сиёҳ ва ранга дар ҷойи аввал аст, махсусан истеҳсоли мошин ва таҷҳизот барои саноати филиззкорӣ, кимиё, нассоҷӣ, воситаҳои нақлиёт, электротехника, радиоэлектроника ривоҷ ёфтааст. Дар иқтисоди Белгия худравсозӣ (соле 1 млн адад, якҷо бо ширкатҳои ҷаҳонии Форд, Ҷенерал Моторс, Фолксваген, Волво) нақши бузург дорад. Белгия истеҳсол ва содиркунандаи маводди кимиёии ғайриорганикӣ–кислотаҳои гуногун, содаи калсийдор, нуриҳои минералӣ, маводди шустушӯӣ, инчунин пластмасса, каучук, фото ва кинонаворҳо мебошад. Аз 20 корпоратсияи ҷаҳонии истеҳсолкунандаи маводди кимиёӣ 10-тоаш дар Белгия ҷойгиранд. Фландрия дар соҳаи технологияҳои олӣ (ҳайтек) пешсаф буда, Антверпен маркази ҷаҳонии коркард ва харидуфурӯши алмос аст. Шабакаи роҳҳои обӣ дар Баҳри Шимолӣ, дастрас будани рӯди Рейн аз Антверпен то Гент, соҳаи инкишофёфтаи хидматрасонӣ (нақлиёт, савдо) низ дар иқтисоди Белгия нақши муҳим дорад. Истеҳсоли семент, доруворӣ, коркарди зағирпоя, пахта, пашм низ ривоҷ ёфтааст. Истеҳсоли силоҳ барои Белгия соҳаи анъанавист. Дар Белгия мебел ва оинасозӣ, истеҳсоли пойафзор, трикотаж, қолинҳои пашмию синтетикӣ низ ривоҷ ёфтааст. Дар содироти шиша ва оина дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад.

Белгия дар ҷаҳон яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширӣ буда, дар парвариши гов, хук, мурғ пешсаф аст. Дар Белгия бештар гандум, ҷав, ҷавдор, ҷуворимакка, лаблабуи қанд,  картошка кишт мекунанд. Сабзавоткорӣ, гулпарварӣ ва боғдорӣ низ ривоҷ дорад. Талаботи дохилиро дар масолеҳи зикршуда 1,5–2 баробар мепӯшонад. Шикори моҳии баҳрӣ наздики 18 ҳазор т дар як сол аст. Пивопазӣ ва истеҳсоли панир амали анъанавист (Конфедератсияи пивопазони Белгия аз садаи 16 вуҷуд дорад).

Белгия дар системаи нақлиётии Аврупо мавқеи муҳим дорад. Аз ҷиҳати зичии хатҳои р. о. ва худравгард дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар гардиши бор нақлиёти худравӣ бартарӣ дорад. Ҳудуди Белгияро 7 шоҳроҳи трансаврупоӣ бурида мегузарад. Дарозии роҳи оҳани мамлакат 3,5 ҳазор км буда, 2,6 ҳазораш электриконида шудааст. Поездҳои баландсуръат Белгияро бо пойтахти чандин давлатҳои Аврупо пайваст мекунанд. Зиёда аз 40 аэропорт дорад, аз ҷумла Аэропорти байналмилалии Завентем (дар масофаи 10 км аз Брюссел, зиёда аз 20 млн мусофир дар як сол). Дарозии роҳҳои обии дохилӣ зиёда аз 2 ҳазор км, бандарҳои асосии дарёӣ – Антверпен, Брюгге, Гент, Лйеж, Намюр, Остенде ғайр аз дарёҳо бо наҳрҳои киштигард пайваст мешаванд. Лӯлаҳои интиқоли нафт, газ ва маводди ғизоӣ мавҷуданд.

Барои Белгия савдои берунӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Мошинҳо ва таҷҳизоти соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, филиззоти сиёҳ ва ранга, маҳсулоти саноати кимиё, маҳсулоти нассоҷӣ содир; хӯрокӣ, маҳсулоти хоми энергетикӣ, таҷҳизот ворид мекунад. Шарикони тиҷоратии Белгия мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Британия мебошанд. Сайёҳӣ соҳаи сердаромади иқтисоди Белгия аст. Осоишгоҳҳои обшифоӣ (балнеологӣ), лойшифоӣ (Зебрюгге, Кноккел, Остенде, Спа) ва марказҳои варзиши зимистонӣ дорад. Ҳифзи иҷтимоӣ, ёрии тиббӣ дар сатҳи олӣ қарор дорад. Белгия аз ҷумлаи давлатҳои Аврупои Ғарбӣ аввалин шуда дар соҳаи хидматрасонии тиббӣ дотатсияи давлатиро ҷорӣ намудааст. 98 дарсади аҳолӣ бо суғуртаи ҳатмии тиббӣ фаро гирифта шудааст.

Белгия аввалин шуда мусобиқаи варзишии конкурро роҳандозӣ кардааст. Кумитаи миллии олимпии мамлакат соли 1906 таъсис ёфтааст. Белгия яке аз муассисони Федератсияи байналхалқии футбол (соли 1904) мебошад. Велосипедронӣ ва футбол навъҳои дар Белгия маъмули варзиш мебошанд. Дастовардҳои варзишии Белгия хеле назаррас буда, дастаҳои мунтахаб, тимҳои футбол, хоккей, теннис, варзишгарони алоҳидаи намудҳои зимистонаи варзиш, шиноварӣ ва ғ. соҳиби бисёр ҷомҳои чемпионатҳои ҷаҳон ва унвони чемпиони ҷаҳон гардидаанд.

Маориф ва илм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вазорати федералии маориф асосан аз болои маълумоти умумии ҳатмӣ назорат мебарад, шарти додани диплом ва сертификатҳоро муайян менамояд. Масъалаҳои дигари соҳаро вазоратҳои маорифи се федератсия баррасӣ мекунанд. Маълумоти ҳатмӣ дар  6–16 солагӣ ройгон ва бо таълимоти иловагии ҳунаромӯзӣ, тайёрии техникӣ, такмили истеъдод ва ғ. дода мешавад. Мактабҳо давлатӣ ва хусусианд. Қисми зиёди мактабҳои хусусӣ мансуби калисоҳои католикӣ мебошанд, ки понтификӣ (папаӣ), епархиявӣ ва ё одии наздикалисоиянд. Маълумоти касбӣ дар мактабҳои махсуси техникӣ, бадеӣ, кишоварзӣ, тиббӣ ва ғ., ки ба барномаи комили мактаби миёна асос ёфтаанд, омӯзонда мешавад. Маълумоти олӣ дар Белгия бо он фарқ мекунад, ки донишҷӯ дар рафти таҳсил аз тамоми дастовардҳои илмии соҳаи интихобкардааш бархурдор мешавад (махсусан дар соҳаи хоҷагидорӣ, саноат ва кишоварзӣ) ва худ малакаи муҳаққиқӣ пайдо мекунад. Ин аст, ки 40 дарсади маблағи аз ҷониби ҳукумат барои таҳқиқоти илмӣ ҷудогардида ба  буҷети донишгоҳҳо гузаронида мешавад. Дар донишгоҳҳо таҳсили панҷсола, чорсола ва сесола (барномаи кӯтоҳкардашуда) ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳҳои бузургтарини Белгия: донишгоҳҳои Лйеж (с. таъсис 1817), Монс, Гент (1817), Антверпен (1965); Донишгоҳи католикӣ (соли 1425; соли 1970 ба ду қисм – нидерландӣ ва фаронсавӣ ҷудо карда шудааст), Донишгоҳи озод (Брюссел) Академияи шоҳии илм, адабиёт ва саноеи нафисаи Белгия (1772). Илм ва техника ҳамқадами таърихи мамлакат аст. Дар садаи 16 дар Белгия харитасоз Г. Меркатор, анатом А. Везалий, гиёҳшинос Р. Додоенс, риёзидон ва муҳандис С. Стевин шуҳратманд буданд. Дар соҳаи кӯҳкорӣ, коркарди филиззот аз ибт. садаи 17 таҳқиқот анҷом медоданд. Дар соҳаи таҳқиқоти фундаменталӣ ва назариявӣ химик-технолог Э. Г. Солве ва муҳандисон З. Т. Грамм, Ж. Леметр корҳои назаррас анҷом додаанд. Дар соҳаи тиб ва биология 4 нафар соҳиби Мукофоти нобелӣ гардидаанд.

Телевизион ва радио

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Белгия телекоммуникатсия дар сатҳи олӣ қарор дорад (телевизион, радио, интернет, алоқаи мобилӣ). Дар Белгия наздики 30 пойгоҳи телевизионӣ, 10 ретранслятор, 90 пойгоҳи радиоӣ фаъолият доранд.

Адабиёти Белгия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёти Белгия маҷмуи осор дар ду забон – фаронсавӣ ва фламандӣ (нидерландӣ) мебошад. Адабиёти фаронсавизабон аз садаи 13 инкишоф ёфта, дар жанрҳои таърихӣ, романҳои ритсарӣ (ҷавонмардӣ), новелла ва шеърҳо падид омадааст. Жан Лемер де Белж шоири бузурги давраи Эҳё мебошад. Адабиёти садаҳои 16–18 таҳти таъсири мактабҳои бадеии Фаронса ва ҷараёнҳои адабии классисизм ва маорифпарварӣ эҷод шудааст. Ф. Лебруссар, А. Ж. Ж. Лемайер, Ш. Потвен шоирони намоёни садаи 19 мебошанд. Адабиёти фламандӣ то садаи 17 як ҷузъи адабиёти нидерландӣ буд (Й. Хардёйн, А. Пойртерс, В. Огир). Кӯшиши эҷод кардани асарҳои сирф фламандӣ ва озод аз таъсири фаронсавӣ дар осори шоирони романтик П. ван Дёйсе, К. Л. Ледеганк, романнависон Х. Консианс, А. Бергман (а. 19) мушоҳида мешавад. Осори адиби машҳури ҷаҳон Шарл де Костер, махсусан романи ӯ «Достони Уленшпигел...» (1867) намунаи хуби ба ҳам омадани анъанаҳои адабии фламандӣ ва таъсири адабиёти Фаронса мебошад. Кӯшиши эҳё кардани адабиёти валлонӣ дар эҷодиёти Ш. Н. Симонон ва осори адибони ҷамъияти адабиёти валлонии Лйеж (1872) мушоҳида мешавад. Таҳти таъсири ҷараёнҳои натурализм ва символизм низ асарҳо эҷод шудаанд (охири садаи 19–аввали садаи 20). Дар садаи 20 Верхарн ва Метерлинк (Мукофоти нобелӣ, соли 1911) шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд. Осори ба қонунҳои реализм асосёфтаро Ф. Элленс, Д. Жиллес, Ж. Ленз (романҳои иҷтимоӣ ва новеллаҳо) эҷод кардаанд. Том Лануа ва Ҳерман Брюсселманс адибони машҳури замони ҳозира мебошанд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди Белгия ёдгориҳои санъати келтҳо ва римиҳо маҳфуз мондаанд. Асри 11 сохтмони шаҳрҳо суръат гирифта, қалъаву ратушаҳо, қасру калисоҳои ҷолиб бино ёфтанд (меъморӣ дар услуби готика, садаҳои 12–16). Асарҳои рассомони Бургундияи садаи 15 (Я. ван Эйк, Д. Баутс, И. Босх) гарчанде дар мавзуъҳои динӣ офарида шудаанд, ба ҳаёти воқеӣ наздиканд ва қуллаи давраи Эҳё ба ҳисоб мераванд. Мактаби рассомии фламандӣ (а. 17) ба ҷаҳон мусаввирони беҳамто П. П. Рубенс, А. ван Дейк, Я. Йорданс ва Ф. Снайдерсро дод. Калисоҳои ин давр бо услуби готикаи маҳаллӣ ва бароккои итолиёӣ бино шудаанд. Дар санъати садаи 19 ҷараёни романтизм бо такя ба анъанаҳои нидерландиву фаронсавӣ осори ҷолиби ифодагари санъати соф миллиро (мусаввараҳои А. Виртс, Л. Галле, Х. Лейс) падид овард. Ох. садаи 19 меъморон В. Орта ва Х. ван де Велде чун тавлидгарони услуби модерн шинохта шуданд. Мусаввир ва муҷассамасоз И. Пермике симои барҷастаи экспрессионизми с-ҳои 30-и Белгия мебошад. Бинои Намоишгоҳи умумиҷаҳонии воқеъ дар Брюсселро (1958, меъмор В. Буржуа) намунаи олии ҷараёни авангардизм шуморидаанд.

Санъати мусиқии Белгия таҷассуми маданияти халқҳои аз қадим маскуни ин сарзамин–валлонҳо, фламандиҳо, инчунин ҳолландиҳо, олмониҳо ва фаронсавиҳо мебошад. Дар давраи Эҳё мактаби полифонии нидерландӣ ба мусиқии Аврупои Ғарбӣ таъсири амиқ расонда буд. Дар садаи 17 хор ва мусиқии калисоӣ маъмул буд. Асрҳои 17–18 опера-балети композиторони Фаронса ва Итолиё дар саҳнаи театрҳои Брюссел, Гент ва диг. шаҳрҳои Белгия гузошта мешуданд. «Маскарад-пасторал»-и П. ван Малдере аввалин опера-мазҳакаи белгиягӣ буд (1759). Асарҳои композиторони бузурги Аврупо – Р. Вагнер (опера), К. М. Вебер, Ф. Лист (симфония) барои инкишофи маданияти мусиқии Белгия нақши намоён доштанд. Композитори (оҳангсози) белгиягӣ С. Франкро (а. 19) намояндаи бузурги романтизм дар мусиқии аврупоӣ меҳисобанд. Дар садаи 20 композитор Ж. Абсил, дирижёр А. Клюитас, скрипканавозон А. Гертлер, А. Грюмо, сароянда Ж. Ван Дам шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд.

Дар Белгия консерваторияҳо, мактаби мусиқии калисоӣ, ҷамъиятҳои зиёди мусиқӣ, иттифоқи композиторон   фаъолият доранд. Дар мамлакат озмунҳои калони байналмилалии пианинонавозони ба номи Шоҳбону Елизавета (дар Брюссел), арғунуннавозони ба номи И. С. Бах (Гент), квартетҳои торӣ (дар шаҳри Лйеж), инчунин фестивалҳои мусиқии фламандию валлонӣ баргузор мешаванд.

Санъати балет дар Белгия мавқеи махсус дошта, намоишномаҳо дар ҳамдастӣ бо артистони балет ва балетмейстерҳои давлатҳои Аврупо ба саҳна гузошта мешаванд. Ҳайати труппаҳо ҳамеша гуногунмиллатанд. Ф. Баал, Т. Брулин, Л. Вандервест, Белгия Дамен ходимони бузурги санъати театрии аввали садаи 21-и Белгия мебошанд. Солҳои охир дар Белгия драматургияи радиоӣ ва телевизионӣ бештар маъмул шудааст. Ба масъалаи театр барои бачагон таваҷҷуҳ бештар аст. Театрҳои лӯхтаки Белгия, Театри авангардии Ф. Нейринг «Тапос» шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.

Санъати синамо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин филм дар Брюссел соли 1896 намоиш дода шуда, аввали киностудия соли 1908 дар шаҳри Ҳарревелд таъсис ёфта буд. Асосан филмҳои мустанад, илмӣ-оммавӣ ва мардумшиносӣ наворбардорӣ мешуданд. Аввалин филми овозиро коргардон Г. Шукенсу эҷод кардааст. Коргардонҳои минбаъда бо истифода аз таҷрибаи филмбардорони англис, олмонӣ ва киноавангарди шӯравӣ филм меофариданд. Филмҳои бародарон Ж. П. ва Л. Жарден «Ваъда» (1996), «Розетта» (1999), «Писар» (2002), «Кӯдак» (2005), ки ҳама ҷоизадори Кинофестивали байналхалқӣ дар Канн мебошанд, «мавҷи нав» дар кинематографияи Белгия ҳисобида мешаванд. Дар Белгия чаҳор киностудия ва бузургтарин дар Аврупо Студияи филмҳои аниматсионии «Белвизон» (аз соли 1955) фаъолият доранд. Дар Белгия 30 нашрияи махсус бахшида ба кино ба табъ мерасад. Се мактаби олии кинематография, шуъбаҳои кинои як қатор донишгоҳҳо ва академияҳо барои ин соҳа мутахассис тайёр мекунанд. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба кино дар Синематикаи шоҳонаи Брюссел, Осорхонаи кино, Донишкадаи миллии кинои илмӣ анҷом дода мешаванд. Аз соли 1954 соле ду маротиба фестивали филмҳои ватанӣ, як маротиба дар Брюссел ва Антверпен Кинофестивали байналхалқӣ гузаронида мешавад.

  1. Атлас мира: Максимально подробная информация / Руководители проекта: А. Н. Бушнев, А. П. Притворов. — Москва: АСТ, 2017. — С. 16. — 96 с. — ISBN 978-5-17-10261-4.
  2. Globaal bevolkingscijfers per gemeente. 1 апрели 2017 санҷида шуд.
  3. Human Development Report 2013(пайванди дастнорас — таърих). United Nations. 14 марти 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 октябри 2014.
  4. То 1999франки Белгия.
  5. 5.0 5.1 Central Intelligence Agency, Center N. F. A. The World Factbook (ингл.)Washington, D.C.: Central Intelligence Agency, U.S. Government Printing Office, 1981. — ISSN 0277-1527; 1553-8133
  6. "Bevolkingscijfers per provincie en per gemeente op 1 januari 2017/Chiffres de la population par province et par commune, a la date du 1er Janvier 2017" (PDF). Statistics Belgium, Federal Public Service Economy. 21 January 2017. Retrieved 11 September 2017.
  • Дробков В. На перекрестке дорог, культур, истории. Очерки о Бельгии и Люксенбурге. М., 1989
  • Намадова А. С., Бельгия. Историческийопыт: традиции и современность. М., 2001
  • Новая россияская энциклопедия. Т. 2. М., 2005
  • Страны мира. Современный справочник. М., 2008
Вебгоҳҳои расмӣ
Гардишгарӣ