Jump to content

Ифротгароӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ифротгароӣ (форсӣ: افراط‌گرایی‎), экстреми́зм (аз лот. extremus — канора, аз андоза берун, ифрот) — пайравӣ ба идеология, андеша ва мақсадҳои ифротӣ дар сиёсат, ки асосан тариқи истифодаи усулҳои зӯрӣ ва ғайриқонунӣ (анҷом додани ама­лиёти террористӣ, одамрабоӣ, қатл, барангехтани кинаву адоват, иғво ва ғ.) амалӣ мешавад; шакли ифротии инкори меъёрҳо ва қоидаҳои мавҷуда ва умумиэътирофшудаи ҷамъиятӣ аз ҷониби шахс ва гурӯҳҳои алоҳида; навъи кӯ­ши­ши ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ.

Ифротгароӣ падидаи сиёсию иҷ­ти­моиест, ки ба суботи сиёсӣ, амният ва истиқлоли дав­латҳо, татбиқи асосҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Ифротгароӣ хосси шахсони алоҳида, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва ҳатто давлатҳое мебошад, ки дар фа­ъолияти худ гузариш, гуфтушунид ва созишро инкор карда, фишоровариро роҳи ягонаи расидан ба ҳадафҳои худ мешуморанд. Терроризм хатарноктарин шакли зоҳир­шавии ифротгароӣ мебошад.

Ифротгароӣ танҳо дар соҳаи сиёсат ба назар нарасида, балки дар тамоми ҷанбаҳои фаъолияти инсонӣ зуҳур мекунад. Он идеологияе мебошад, ки истифодаи ҳама гуна чораҳоро дар ҷомеа барои ба даст овардани фоидаи дилхоҳи худ ҷоиз мешуморад. Сабабҳои ташаккул ва тавсиаи ифротгароӣ: буҳрон­ҳои иҷтимоию иқтисодӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагии аксарияти аҳолӣ, реҷаи сиёсии тоталитарӣ, саркӯб шудани му­холифон, таъқиби дигарандешон, сатҳи пасти фаъолия­ти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, мавҷуд набудани механизми муассири ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ғ. Дар чунин ҳолатҳо гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки вазъи бавуҷудомадаро бо роҳи зӯрӣ ҳал кардан мехоҳанд.

Ифротгароӣ номидани навъи рафтор ва ё тарзи амале ҳамеша ҷан­баи субъективӣ ва сиёсӣ дорад. Як амали ифротгароӣ аз ҷониби дои­раи муайян метавонад чун «мубориза барои озодӣ» ва аз ҷониби доираи дигар ҳамчун «амали зиддиҷамъиятӣ ва террористӣ» унвон шавад. Ҳатто дар дохили як давлат фаҳмишҳо атрофи ифротгароӣ метавонанд гуногун бошанд. Масалан, дар таҷрибаи ҳуқуқии ИМА истилоҳи ифротгароӣ гуногун арзёбӣ шуда, дар баъзе иёлот ҳамчун «ҷиноят дар пояи хусумат» тавсиф мешавад ва нисбат ба дигар иёлоти он чандон ҷа­вобгарии вазнин надорад. Ифротгароӣ навъи хосси ҷиноят шуморида мешавад, ки зери таъсири хусумат ба намояндаи дигар қавму миллат, дин, эътиқоди сиёсӣ, ҷинс ва эътибори ҷинсӣ зоҳир мегардад.

Таърифи ҳуқуқии байналмилалӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин таҷрибаи байналмилалӣ дар самти тафсир кар­дани ифротгароӣ Конвенсияи Шонгҳой «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм» (15.­6.­2001) мебошад[1]. Мувофиқи ин санад ифротгароӣ тарзи фаъолиятест, ки бо бадаст­орӣ ва ҳифзи маҷбурии ҳокимият, ба зӯр ворид на­мудани тағйирот ба сохтори конститутсионии давлат, таарруз ба амнияти ҷамъиятӣ ва мусаллаҳшавии ғайри­қо­ну­нӣ асос ёфтааст.

Мувофиқи Қатъномаи Маҷмааи парламенти Шӯрои Ав­рупо ифротгароӣ шакли фаъолияти сиёсиест, ки бо идеология ва таҷрибаи таҳаммулнопазирӣ, бегонашавӣ, ксенофобия (то­­қатнопазирӣ ба дигарон, хориҷиён), зиддияҳудӣ (антисемитизм) ва ултрамиллатгароӣ (шакли миллатгароиест, ки манофеи як миллат ва ё давлатро авлотар аз дигарон медонад) асос ёфта, ба таври ошкоро ё пинҳонӣ усули демок­ратияи парламентиро инкор мекунад. Шаклҳои Ифротгароӣ: сиёсӣ, динӣ, нажодӣ, этникӣ, миллӣ, иҷ­ти­моӣ. Ифротгароии сиёсӣ ва динӣ маъмултарин навъи ифротгароӣ дар таҷ­ри­баи равандҳои сиёсии муосир ба ҳисоб мераванд. Ифротгароии сиёсӣ фаъолияти ғайриқонунии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва шахсони алоҳида мебошад, ки бо роҳи зӯроварӣ ва тариқи барангехтани кинаву адовати миллию иҷтимоӣ сохтори мавҷудаи давлатро тағйир додан мехоҳанд. Ифротгароии динӣ ба идеологияи муайяни динӣ такя карда, ба дин ва пайравони динҳои дигар муносибати оштинопазир дорад ва ме­хо­ҳад сохтори давлатро дар асоси анъанаҳои динӣ ба роҳ монад. Демагогия (авомфиребӣ) усули маъмули фаъолияти ифротгароии динӣ мебошад.

Солҳои охир созмону ҳаракатҳои ифротгароӣ ақидаҳояшонро дар кишварҳои гуногун паҳн намуда, гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа, бахусус ҷавононро ҷалб карданд.

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҷумҳурии То­ҷикистон дар мубориза бо ифротгароӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Тибқи қонун ифротгароӣ ҷиноят аст. Барои даъвати оммавӣ дар амалигардонии фаъолияти ифротгароӣ, ташкили ит­тиҳо­ду соз­мони ифротгароӣ ва иштирок дар он, ташкили таълим ё гурӯҳи таъ­лимие, ки хусусияти динии ифротгароӣ дорад, КҶ Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кис­тон ҷазо муқаррар кардааст (моддаи 307). Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар амалҳои зикршуда даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.

  • Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998;
  • Шанхайская конвенция о борьбе с терроризмом, сепаратизмом и экстремизмом. Шанхай, 2001;
  • Комлев Н. Словарь иностранных слов. М., 2006;
  • Кадиева А. Сущ­ность и классификация экстремизма // Гуманитарные и социально-экономические науки. № 3, М., 2007;
  • Арчаков М. Психо­логические особенности политического экстремизма // Власть. № 12, М., 2010.