Файлҳои «PDF»-ро ба воситаи Муҳаррири «Firefox PDF Editor» ройгон таҳрир намоед

Агар лозим шавад, ки ба ҳуҷҷати «PDF» чизе илова намоед, ҳоло метавонед ин корро онлайн тавассути «Firefox» анҷом диҳед. Файли «PDF»-ро дар «Firefox» кушоед ва барои ворид кардани тағйирот ба ҳуҷҷат тугмаи «Матн» ё «Расмкашӣ»-ро дар гӯшаи рости боло пахш кунед. Барои нигоҳ доштани тағйирот, файлро боргирӣ намоед.

Шаклҳоро бе ниёзи чоп ва тасвирбардорӣ ба таври онлайн пур намоед

Ҳамаи мо чунин ҳолатро дидаем: лозим мешавад, ки шаклеро пур кунед, вале он файли таҳрирнашавандаи «PDF» аст. Пештар маҷбур будем, ки аввал онро чоп кунем, бо даст пур намоем ва сипас боз сканер карда, ба компютер баргардонем.

Акнун мо иҷрои ҳамаи ҳамин амалҳои душворро бас кардем! Ҳоло танҳо лозим аст, ки шумо файли «PDF»-ро ба таври онлайн тавассути браузери «Firefox» таҳрир кунед, нигоҳ доред ва аз компютери худ онро ба почтаи электронӣ ирсол намоед.

Илова кардани матн

Файли «PDF»-ро дар браузери «Firefox» кушоед. Тугмаи «Матн»-ро пахш намоед, то тавонед ранги дилхоҳ ва андозаи ҳарфҳоро интихоб кунед ва сипас он ҷойе, ки мехоҳед дар ҳуҷҷати худ матнро илова кунед, интихоб намоед. Ҳамин қадар осон аст!

Илова кардани расмҳо

Файли «PDF»-ро дар браузери «Firefox» кушоед. Пеш аз он ки шумо тавонед дар ҳуҷҷат расм кашед, тугмаи «Расмкашӣ»-ро барои интихоби ранг, ғафсӣ ва шаффофият пахш кунед.

Илова кардани тасвир бо матни иловагӣ

Файли «PDF»-ро дар браузери «Firefox» кушоед. Нишонаи «Тасвир»-ро пахш кунед — пас аз он метавонед тасвиреро бор кунед. Андоза ва ҷойгиршавии тасвири боршударо мувофиқи талабот танзим намоед. Барои осонтар дастрас шудани ҳуҷҷат, тугмаи «+Матни иловагӣ (Alt text)»-ро пахш кунед ва барои тасвир шарҳи худро илова намоед.

Эҷод кардани имзо

Файли «PDF»-ро дар браузери «Firefox» кушоед. Нишонаи «Имзо»-ро зер кунед ва пас имкони «Илова кардани имзои нав»-ро пахш намоед. Имкони «Нависед», «Имзо гузоред» ё «Тасвир»-ро интихоб карда, барои гузоштани имзо тугмаи «Илова кардан»-ро зер кунед. Шумо, инчунин, метавонед имзоҳои худро нигоҳ доред ва онҳоро дар оянда такроран истифода баред.

Эҷод кардани нуқтаи муҳим

Файли «PDF»-ро дар браузери «Firefox» кушоед. Матнеро, ки мехоҳед равшан кунед, интихоб намоед, пас аз ин нишонаи ҷудокуниро, ки дар зери интихоби шумо пайдо мешавад, пахш кунед ё бо тугмаи рости муш пахш намуда, имкони ҷудокуниро дар менюи муҳтаво ҷустуҷӯ намоед. Барои равшан кардани қисматҳои дигар бо даст, нишонаеро дар гӯшаи боло аз тарафи рост пахш кунед.

Илова кардани шарҳҳо

Файли «PDF»-ро дар браузери «Firefox» кушоед. Матнро бо курсори муш ё ангушт ҷудо кунед, сипас нишонаи «Шарҳ»-ро, ки дар зери интихоби шумо пайдо мешавад, зер кунед, шарҳи худро ворид намоед ва барои нигоҳ доштани шарҳ тугмаи «Илова кардан»-ро пахш кунед. Агар дар файли «PDF» шарҳҳои зиёд дошта бошед, нишонаи «Шарҳ»-ро дар қисми болои рости браузер пахш кунед, то навори ҷонибӣ кушода шавад ва баъд ба шарҳи лозима гузаред.