Текирдоғ
беларусӣ: Радоста | |
Кишвар | [[|]] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 37 м |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Вебгоҳи расмӣ(тур.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Текирдағ (тур. Tekirdağ, Raidest, юн. Ραιδεστός) — шаҳр дар шимолу ғарби Туркия, маркази маъмурии Вилояти Текирдағ аст. Дар қисми аврупоии Туркия дар соҳили баҳри Мармар воқеъ аст. Аҳолӣ дар соли 2000 108,000 нафар буд. Соли 2016 аҳолии шаҳр 176,884 нафарро ташкил медод
Номгузориҳои шаҳр
[вироиш | вироиши манбаъ]Текирдағ як қатор номҳои таърихӣ дорад: Родосто (Ρωδόστο) ё Редестус (Радестус); дар даврони Византия, шаҳрро Византия (Βισάνθη) меномиданд; дар замонҳои ҳукмронии Имперотурии Усмонӣ шаҳрро Текфур Даг меномиданд, ва аз ҳамин номгузорӣ номи аслии имрӯзаи Текирдағ баромадааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърихи шаҳр аз 4000 сол пеш аз милод оғоз меёбад. Гумон меравад, ки шаҳри қадимаи Родосторо сокинони ҷазираи Самос таъсис додаанд. Дар Анобасиси Ксенофон, шаҳр ҳамчун маркази салтанати Тарс ном бурда мешавад, ки сарварии онро Шоҳзода Сеутес ба уҳда дошт.
Дар соли 813 муҳорибаи муҳими Булғористон бо империяи Византия дар Родосто рӯй дод ва дар соли 1206 бо империяи Лотин гузаронида шуд.
Соли 1360 ин шаҳрро туркҳои усмонӣ забт карданд ва пас аз муддате ба музофоти Эдирна дохил шудааст.
Мувофиқи шартҳои сулҳи Туркия ва кишварҳои Иттиҳоди Балкан пас аз Ҷанги якуми Балкан, Текирдағ ба Булғористон дохил карда шуд. Пас аз чанд моҳ шаҳр дубора ба Туркия интиқол дода шуд.
Аз соли 1918, баъди Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, шаҳр таҳти назорати артиши Юнон қарор дошт ва мувофиқи сулҳномаии Севр, ба Юнон ҳамроҳ карда шуд.
Аммо, пас аз Созишномаҳои Лозанна соли 1923, Юнон маҷбур шуд, ки шаҳри Текирдағро ба манфиати Туркия супорад.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолӣ — 1 029 927 нафар (2018)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сайти Текирдағ
- Tekirdağ дар wikivoyage(англ.)
- Аксҳои Текирдағ