Jump to content

Куништ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
{{Қуттии ҳамагонӣ}}
{{Қуттии ҳамагонӣ}}
'''Куништ''' ({{lang-fa|کنشت}}), дар паҳлавӣ: книшё, оромӣ: кнушто; ibrӣ: [кнессет] ҷои ҷамъомад; юн. Συναγωγή [сюнагогэм] синагога, ҷамъомад) — оташкада ва ибодатгоҳи порсиён; ниёишгоҳи яҳудиён ва ҷои иҷтимои динии онҳо; ниҳоди асосии дини яҳудӣ, биноест барои ибодати дастаҷамъӣ ва маркази ҳаёти динии ҷамоаи динии яҳудиён.
'''Куништ''' ({{lang-fa|کنشت}}, дар паҳлавӣ: книшё), '''синаго́га''' (аз {{lang-grc|συναγωγή}} {{IPA|[synaɡɔːɡɛ̌ː]}} «ҷамъомад»; {{lang-he|בֵּית כְּנֶסֶת}} {{IPA|[bet ˈknesːet]}} «ҷои ҷамъомад») — [[оташкада]] ва ибодатгоҳи порсиён; ниёишгоҳи яҳудиён ва ҷои иҷтимои динии онҳо; ниҳоди асосии дини яҳудӣ, биноест барои ибодати дастаҷамъӣ ва маркази ҳаёти динии ҷамоаи динии яҳудиён.


== Таърих ==
== Таърих ==

Нусха 19:41, 25 июни 2024

Куништ
Нигора
Small logo or icon
 Парвандаҳо дар Викианбор

Куништ (форсӣ: کنشت‎, дар паҳлавӣ: книшё), синаго́га (аз юн.-қад. συναγωγή [synaɡɔːɡɛ̌ː] — «ҷамъомад»; ибрӣ: בֵּית כְּנֶסֶת [bet ˈknesːet] — «ҷои ҷамъомад») — оташкада ва ибодатгоҳи порсиён; ниёишгоҳи яҳудиён ва ҷои иҷтимои динии онҳо; ниҳоди асосии дини яҳудӣ, биноест барои ибодати дастаҷамъӣ ва маркази ҳаёти динии ҷамоаи динии яҳудиён.

Таърих

Куништ тақрибан 2500 сол қабл, баъди хароб кардани нахустин маъбади яҳудӣ дар Уршалим ва оғози бо роҳи зӯр ба Бобил кӯчонидини яҳудиён пайдо шудааст. Яҳудиёни ба Бобил рондашуда дар хонаҳои ҳамдигар ҷамъ меомаданд, то ҳамроҳ ибодат кунанд ва Тавротро омӯзанд. Баъдтар барои ибодат биноҳои махсус — нахустин куништҳо сохта шуданд. Намои куништ ҳамеша ба самти Уршалим нигаронида шуда, яҳудиён рӯ ба сӯи он ибодат мекунанд. Куништ маъмулан шакли росткунҷа дорад. Утоқҳои ибодат барои мардону занон алоҳида буда, бо пардаи махсус аз ҳамдигар ҷудо карда шудаанд. Дар назди даромадгоҳ барои шустани дастҳо қабл аз ибодат дастшӯ гузошта шудааст. Дар куништ ҷевони бузурги бо парда пӯшонида гузошта мешавад, ки «тобути куништ» ном дошта, рамзи тобути аҳд дар маъбади Уршалим аст. Дар ҷевон дастнависҳои Таврот — муқаддастарин дороии куништ маҳфузанд. Дар маркази куништ суфраест, ки дар рӯи он миз барои дастнавис гузошта шудааст. Он ҷо Таврот хонда мешавад. Дар болои тобути аҳд «чароғи ҳамешафурӯзон» ҷойгир аст. Дар бари чароғ маъмулан лавҳи сангӣ ё биринҷӣ гузошта мешавад, ки бар рӯи он фармони даҳгона ҳаккокӣ шудааст. Вақти ибодат дар куништ мутобиқ бо замони қурбониҳои ҳаррӯза дар маъбад аст, вале ибодат ҷойгузини қурбонӣ нест. Бар хилофи калисои масеҳӣ, куништ на маъбад, балки танҳо биное барои ибодати дастаҷамъист. Дар аҳди маъбади дуввум куништ вазифаи дастгирии робитаи зичи байни яҳудиёнро, дар ҳар куҷое бошанд, бо маъбади Уршалим ба уҳда дошт. Баъди хароб кардани маъбад куништ вазифаи эҳёи рӯҳи маъбадро дар тамоми ҷамоаҳои яҳудӣ анҷом медиҳад. Дар назди куништҳо мактабҳо фаъолият мекунанд, ки дар онҳо кӯдакону наврасон Тавротро меомӯзанд. Ба ривояти Талмуд, дар Уршалим 480 куништ ва дар назди ҳар куништ ду мактаб — ибтидоӣ (бейт-сефер) ва миёна (бейт-талмуд) буд. Дар бейт-сефер Танах ва дар бейт-талмуд Мишна таълим дода мешуд. Маросимҳои динии хатна, булуғ, харидани нахустфарзанд ва ғ. дар куништ баргузор мешаванд. Дар куништ додгоҳи динии маҳаллӣ (бейт-дин) низ мурофиа анҷом дода метавонад. Роҳбаронро барои идораи куништ худи муътақидон интихоб мекунанд.

Ҷуҳудонро куништ аст, тарсоёнро калисо ва габраконро оташгоҳ.

Таърихи Сиистон

Ҳама кас толиби ёр аст, чи ҳушёр, чи маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.

Ҳофиз

Эзоҳ

Адабиёт

  • Бейзер М. Синагоги СНГ в прошлом и настоящем. М.-Иерусалим, 2002.